Апрел 05, 2019 16:48 Asia/Dushanbe
  • Посухи Зариф ба дурӯғгӯии вазири умури хориҷии Амрико дар бораи сели Эрон

Вазири умури хориҷии Эрон гуфт, мардуми Эрон бо иттиҳоду ҳамдилӣ ва талоши ҳамоҳанг бо давлат бар мусибатҳои ҳаводиси табиии ахир чира хоҳанд шуд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон рӯзи панҷшанбе дар вокуниш ба изҳороти мудохилаҷӯёна ва авомфиребонаи вазири хориҷии Амрико дар бораи сел дар бархе аз манотиқи Эрон бо интишори баёнияе дар ҳисоби твиттерии худ навишт, вазири умури хориҷӣ ва дигар мақомоти Амрико бо терроризми иқтисодӣ мардуми Эронро ҳадаф қарор додаанд. Вазири умури хориҷии Эрон тасреҳ кард, мақомоти Амрико, ки талош мекунанд, монеи ворез шудани кумакҳои молии ҳамватанони эронӣ дар хориҷ аз кишвар ба ҳисобҳои Ҳилоли Аҳмари Эрон барои кумак ба селзадагон шаванд, беҳтар аст, ба ҷойи сӯистифодаи ғайримаъмул ва сиёсатзада аз дарду ранҷи инсонҳо дар ҳаводиси табиӣ ба вазъияти мусибатзадагони дохили Амрико, ки моҳҳост, аз ҳаводиси табиӣ дар ранҷ ва азоб ҳастанд, расидагӣ кунанд. Зариф афзуд, вазири умури хориҷии Амрико зоҳиран аз сӯимудирияти ҳаводиси ду соли гузашта дар Амрико ноогоҳ аст, ки ин гуна дар бораи мудирияти селҳои саҳмгин ва бесобиқаи рӯзҳои гузашта, ки ҳамзамон 24 устони Эронро даргир кардааст, изҳори назарҳои ғайриҳирфаӣ, мудохилаҷӯёна ва фиребкорона мекунад.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико дар хабари кизбе муддаӣ шуд, Амрико омодааст, то аз тариқи Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ба Ҳилоли Аҳмари Эрон кумак кунад. Ин дар ҳолест, ки Амрико дар иқдоми ҷинояткорона аз ворез шудани пул аз манобеи хориҷӣ ба ҳисоби Ҳилоли Аҳмари Эрон ҷилавгирӣ кардааст.

Дар пайи борандагиҳои шадид ва туғёнӣ рӯдхонаҳо ва ҷорӣ шудани сел дар бархе манотиқи Эрон чанд нафар аз мардум ҷони худро аз даст додаанд ва чанд шаҳру русто зери об рафтааст.

 

Барчасп