Вокуниши Зариф ба изҳороти мутаноқизи Пампео дар бораи Эрон
Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷумъашаб дар Твиттер ба изҳороти мутаноқизи Майк Пампео, вазири хориҷаи Амрико дар бораи Эрон вокуниш нишон дод.
Пампео рӯзи панҷшанбе дар поёни нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), Ҷумҳурии Исломии Эронро як “таҳдид” барои ин созмон ва ҷаҳон тавсиф кард ва муддаӣ шуд, Вашингтон бо эъмоли таҳрим алайҳи Теҳрон талош мекунад то манобеи молӣ дар ихтиёри Эронро маҳдуд кунад.
Ин изҳороти Пампео дар ҳоле аст, ки вай пештар муддаӣ шуда буд, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар остонаи фурӯпошӣ қарор дорад.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Муҳаммадҷаводи Зариф дар вокуниш ба ин изҳороти мутаноқизи Пампео дар Твиттер навишт: “Тағйироти ногаҳонӣ, як рӯз Амрико муддаии он аст, ки Эрон дар остонаи фурӯпошӣ аст ва як рӯзи дигар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони як “қудрати бузург”, ки НАТО-ро таҳдид мекунад, ба тасвир кашида мешавад”.
Зариф афзуд, Пампео ва раисаш аз ҳар гуна иддаоии мутаноқиз, ки муносиби рӯйдоде аст, ки ҳарф мезананд, истифода мекунанд. Дар муқобил, Эрон пайваста масъулона ва сулҳталаб аст.
Амрико баъд аз хуруҷ аз БарҶом, корзори ҳамаҷониба барои эъмоли фишор алайҳи Эрон ба роҳ андохтааст.
Дар ҳамин росто, аъзои тими Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар ҳар макон ва замоне, ки битавонанд иддаоҳои дурӯғине алайҳи Эрон матраҳ мекунанд.
Трамп сешанбеи 8 майи соли 2018 ба таври якҷониба бо нақзи тааҳҳудоти Вашингтон зайли БарҶом, кишварашро аз ин тавофуқи байналмилалӣ хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард.
Ин иқдоми Трамп бо маҳкумияти густурдаи дохилӣ ва байналмилалӣ мувоҷеҳ шудааст.
Ҷумҳурии Исломии Эрон нақши асосӣ дар муқобила бо тавтеаҳо ва иқдомоти меҳвари амрикоӣ - саҳюнистӣ дар минтақа дорад.