Апрел 08, 2019 19:29 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси канали молӣ барои селба селзадагони Эрон дар СММ

Намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар Эрон гуфт, ин созмон барои ирсоли кумакҳои нақдӣ ба селзадагони эронӣ канали молии бонкии мушаххасеро таъсис кардааст.

Угочи Даниелс рӯзи душанбе дар ҳошияи нишасти ҳамандешии намояндагони дафотири Созмони Милал дар Эрон, ки бо мавзӯи кумакрасонӣ ба манотиқи осебдида аз сел дар Теҳрон баргузор шуд, ба хабарнигорон гуфт, Созмони Милал илова бар таъсиси канали молӣ барои ирсоли кумакҳои нақдӣ ба селзадагони Эрон, як миллиону 420 ҳазор доллар ба манзури таҳияи ақломи пизишкӣ ва беҳдоштӣ, об, таъсисоти беҳдоштӣ, имконоти дармонӣ ва сарпаноҳ барои селзадагон кумак кардааст.

Даниелс дар посух ба саволе дар бораи сукути Созмони Милал дар баробари рафтори Амрико мабнӣ бар пешгирӣ аз имдодрасонӣ ба селзадагони эронӣ гуфт, таҳримҳои Амрико одилона нест.

Намояндаи Созмони Милал дар Эрон афзуд, талошҳое дар болотарин сатҳи Созмони Милал барои кумак ба селзадагони эронӣ анҷом шудааст, ки аз расидани кумакҳо ба Эрон ҷилавгирӣ нашавад.

Америко пас аз вуқӯи сел дар бархе аз манотиқи шимол, ғарб ва ҷануби Эрон, ҳисобҳои молии муртабит бо ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эронро баст то бо ин иқдом амалан кумакрасонӣ аз Салиби Сурх ва кишварҳои дигар ба мардуми селзадаи Эронро халалдор кунад.

Бар асоси омори Созмони пизишкии қонунии Эрон, сел дар манотиқи мухталифи ин кишвар ҷони 70 танро гирифтааст.

 

Барчасп