Апрел 08, 2019 21:57 Asia/Dushanbe
  • Эрон нерӯҳои низомии Амрико дар минтақаро гурӯҳи террористӣ хонд

Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон нерӯҳои низомии Амрико дар минтақаи ғарби Осиё ва тамомии нерӯҳои вобаста ба онро гурӯҳи террористӣ муаррифӣ кард.

Шӯрои олии амнияти миллии Эрон рӯзи душанбе дар баёнияе бо маҳкум кардани иқдоми ғайриқонунӣ ва хатарноки Амрико дар қарор додани номи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар феҳристи созмонҳои террористӣ эълом кард, Эрон Амрикоро давлати ҳомии терроризм ва нерӯҳои низомии Амрико дар минтақаи ғарби Осиё ва тамомии нерӯҳои вобаста ба онро гурӯҳи террористӣ медонад.

Ин баёния меафзояд, Сипоҳ посдорони инқилоби исломӣ бар хилофи Амрико ва муттаҳидони минтақаии он, ки ҳамвора ҳомии гурӯҳҳои ифротӣ ва террористҳо дар минтақаи ғарби Осиё будаанд, пайваста дар хатти муқаддами муқобила бо терроризм ва ифротигарӣ дар минтақа буда ва нақши ин нерӯи инқилобӣ дар муқобила бо Алқоида, ДИИШ, Аннусра ва дигар гурӯҳҳои террористӣ дар минтақа тавассути мардум ва давлатҳои осебдида ҳамвора таҷлил шудааст.

Шӯрои олии амнияти миллии Эрон изҳор дошт, иқдоми Амрико дар қарор додани Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар феҳристи созмонҳои террористӣ хатари умда барои сулҳу амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ ва нақзи ошкори қоидаҳои ҳуқуқи байналмилал ва эъломияи Созмони Милали Муттаҳид аст.

 

Барчасп