Апрел 09, 2019 20:51 Asia/Dushanbe
  • Табрики солрӯзи вилодати ҳазрати Абулфазли Аббос

Фардо, чаҳоруми шаъбони соли 1440 (ҳиҷрии қамарӣ), баробар бо 10-уми апрели соли 2019 солрӯзи вилодати ҳазрати Абулфазли Аббос аст.

Чаҳоруми шаъбони соли 26-и ҳиҷрии қамарӣ ҳазрати Аббос Қамар бани Ҳошим, мулаққаб ба Абулфазл, илмдори Карбало ва саққо, аз фарзандони ҳазрати Имом Алӣ (а) дар шаҳри Мадина чашм ба ҷаҳон гушуд. Модари гиромии он ҳазрат умми Албанин ном дошт, ки пас аз вафоти ҳазрати Фотимаи Заҳро ифтихори ҳамсарии ҳазрати Алӣ (раз.)-ро ёфт.

Ҳазрати Абулфазл ҳамосасози қиёми “Ошӯро” аст, ки бо исор, ҷонибозӣ ва шаҳодат тавонист ишқу иродат ба имоми замони худро ба зуҳур бирасонад ва ба ин гуна улгӯи шоистае аз вафодорӣ барои раҳравони роҳи ҳақиқат лақаб гирад. Саққои сипоҳи Ислом дар ҷангҳои мухталиф ҳамвора ёру ёвари дини Худо буд ва бо ҳамроҳии падари бузургаворашон ба мубориза бо куфру нифоқ мепардохт ва пас аз шаҳодати ҳазрати Алӣ (раз.) дар масири ба анҷом расондани рисолати сангини раҳбарӣ ва пешвоии ҷомеаи мусалмонон ёрибахши Имом Ҳасан ва Имом Ҳусейн шуд.

Солрӯзи вилодати ҳазрати Абулфазли Аббос дар тақвими Ҷумҳурии Исломии Эрон Рӯзи ҷонбоз номгузорӣ шудааст. Мардуми саросари Эрони исломӣ дар шабу рӯзи солрӯзи вилодати ҳазрати Абулфазли Аббос бо ҳузур дар амокини муқаддас, масоҷид ва хиёбонҳо ҷашнҳое баргузор мекунанд.

Садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон фаро расидани солрӯзи вилодати ҳазрати Абулфазли Аббос, парчамдори ишқу исорро ба ҳама мусалмонону дигар озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.