Апрел 10, 2019 19:56 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Сипоҳи посдорон дар раъси мубориза бо терроризм дар минтақа аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ мудофеи озодӣ дар минтақа ва дар раъси мубориза бо терроризм аст.

Давлати Амрико рӯзи душанбе дар идомаи иқдомоти зиддиэронӣ, тарҳи изофа кардани Сипоҳи посдоронро ба феҳристи созмонҳои истилоҳан “террористӣ” – мхуд эълом кард.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлати Эрон афзуд, ҳамаи ҷиноятҳо ва иқдомоти хилофи Амрико барои ин аст, ки як нафар дар сарзаминҳои ишғолӣ дар интихобот ба пирӯзӣ бирасад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар ин ки Исроил сарзамини ғасбшудаи фаластиниён аст ва интихобот дар он маъно надорад, гуфт, агар мехоҳанд интихобот баргузор кунанд, бояд мардуми Фаластин ва на ишғолгарон, пойи сандуқи оро биёянд.

Рӯҳонӣ бо таъкид бар инки амрикоиҳо бояд бидонанд, ки манбаи зулм, ситам ва терроризм дар минтақа ҳастанд, афзуд, душманон дар расидан ба аҳдофи худ дар минтақа бо шикаст мувоҷеҳ шуданд ва медонанд, ки дар ин шикаст Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ нақши асосӣ дошта ва аз ин бобат асабонӣ ҳастанд.

Раиси ҷумҳурии Эрон бо баёни ин ки ҳамаи иқдомоти Амрико бар хилофи мантиқ ва қавонини байналмилалӣ будааст, гуфт, мардуми Ироқ, Сурия, Лубнон, Яман, Афғонистон, Покистон ва дигар миллатҳои минтақа хадамоти миллати Эрон ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро фаромӯш накарда ва ин иқдоми Амрико ҳеҷ чизро ба нафъи онон тағйир нахоҳад дод.

Раиси қувваи муҷрияи Эрон иқдоми Амрикоро ҳаракати шиорӣ, таблиғотӣ ва сиёсӣ баршумурд ва таъкид кард, амрикоиҳо ба хубӣ медонанд, ки агар бихоҳанд пойи худро аз ҳадди шиор як қадам фаротар бигузоранд, бо чӣ мушкилот ва мусибатҳое рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

 

Барчасп