Апрел 10, 2019 21:37 Asia/Dushanbe
  • Солрӯзи валодати ҳазрати Саҷҷод (а) муборак!

Саросари Эрони исломӣ дар шаби мелоди ҳазрати Имом Зайнулобидин (а), набераи гаронқадри ҳазрати расули акрам (с) ғарқ дар ҷашну шодӣ аст.

Фардо, панҷшанбе, панҷуми шаъбони соли 1440 ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо 11 апрели 2019, солрӯзи валодати ҳазрати Имом Зайнулобидин (а), аз наберагони бузургвори Паёмбари гиромии Ислом (с) аст.

Ба ҳамин муносибат, саросари Эрони исломӣ дар шаби валодати босаодати сайидуссоҷидин Имом Зайнулобидин (а) ғарқ дар мадеҳасароӣ ва мавлудхонии маддоҳони аҳли байти исмат ва таҳорат (а) аст.

Шаҳрҳои муқаддаси Машҳад ва Қум нурборон шуда ва маросимм ҷашну сурур бо ҳузури ошиқон ва иродатмандони аҳли байти исмат ва таҳорат (а) дар ҳоли баргузорӣ аст.

Ба муносибати айёми шаъбония, аз шаб‎ҳои гузашта вижабарнома‎ҳое ҳамроҳ бо мадеҳасароӣ ва мавлудхонии маддоҳони аҳл байт (а) бо ҳузури ҳазорон нафар аз зоирон ва муҷовирон дар ҳарами мунаввари Разавӣ оғоз шудааст.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани солрӯзи мелоди босаодати ҳазрати Имом Зайнулобидин (а) -ро ба мусулмонон ва дигар озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.