Ҳимояти якпорчаи мардуми Эрон аз Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ
Дар идомаи эътирозот ба иқдоми хасмона ва ғайриқонунии Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико дар террористӣ хондани Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ; мардуми Эрон пас аз иқомаи намози ҷумъа бо баргузории роҳпаймоӣ дар саросари кишвар, ҳимояти худро аз ин ниҳод эълом карданд.
Дар Поён ин роҳпаймоӣ; дар баёнияе таъкид шуд; сардамдорои Амрико бо корномаи сиёҳ ва ҷиноятҳои зиддибашарӣ аз ҷумла куштори мардуми Яман, Нигерия, Баҳрайн, Фаластин, Афғонистон, Сурия ва Ироқ, мисдоқи террористи давлатӣ ва террористпарварӣ ҳастанд.
Роҳпаймонон дар ин баёния идома додани ҳимояти ҳамаҷонибаи Эрон аз кишварҳо ва миллатҳои таҳти ситами истикборӣ-саҳюнистиро вазифаи динӣ, инқилобӣ ва инсонии худ донистанд.
Давлати Амрико душанбе 8 апрели 2019 дар иқдоме хилофи мавозини байналмиллал ва бо тавҳин ба миллати Эрон Сипоҳи посдоронро дар феҳрести созмонҳои ба истилоҳ террористии худ қарор дод.
Ҳарчанд, ки ин иқдом фоқиди ҳаргуна арзиши низомӣ ва сиёсӣ аст ва ҳеҷ машруияте ба лиҳози мавозини байналмиллалӣ надорад бо ин ҳол ба унвони як ҳаракати густохона ва бидъатгузории ҳанҷоршиканона аз сӯи давлати Амрико метавонад ба иттифоқоти ғайри қобили пешбинӣ барои амнияти минтақа ва ҷаҳон мунҷар шавад.
Аз нигоҳи нозирони сиёсӣ, Иёлоти Муттаҳида бо қарор додани Сипоҳи посдорон дар рӯйхатти гуруҳҳои террористӣ беш аз инки барои Эрон чолиш эҷод кунад барои худ чолиши бузургтар эҷод кардааст. Нашрияи амрикоии Фарин Палисӣ бо эътироф ба қудрати бебадили Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ навишт, агар Эрон ҳамин лаҳза тасмим бигирад, ки танишҳоро алайҳи низомиҳои Амрико афзоиш диҳад гузинаҳои мутаъаддиде дорад.
Ин аввалин бор аст, ки Амрико ниҳоде расмӣ аз як кишварро дар чунин феҳресте қарор медиҳад. Мақомҳои давлати Амрико мегуянд ин корро бо ҳадафи афзоиши ҳароси ширкатҳои хориҷӣ аз тиҷорат бо Эрон анҷом додаанд, аммо нозирони мустақиле, ки бар авзои минтақа ишроф доранд ба хубӣ медонанд, ки ин изҳорот як шантажи таблиғотӣ аст.
Иқдоми хасмонаи Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико дар террористӣ хондани Сипоҳи посдорони инқилоби исломи наақзи ошкори усули мусаллами ҳуқуқи байналмиллал ва маншури Миллали Муттаҳид аз ҷумла асли баробарии ҳокимияти давлатҳо аст ин ҳаракати таҳрикомези Трамп танишҳоро ба сатҳе тақобилӣ ва ғайриқобили контрол мерасонад.
Амир сартип Киюмарси Ҳайдарӣ фармондеҳи неруи заминии артиши Эрон дар суханронии пеш аз хутбаи намози ҷумъаи Теҳрон дар вокуниш ба иқдоми вақиҳонаи Амрико дар баробари Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт, Ба Амрико, режими саҳюнистӣ ва эътилофи вақиҳонаи ибрӣ-арабӣ эълом мекунам, ки иқдоми Трамп алайҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ кори аҳмақонае буд, ки амнияти неруҳои Амрико дар ҳар нуқтаи ҷаҳон ва ба вижа неруҳои Сенткомро бо мухотираи ҳамешагӣ ру ба ру хоҳад кард.
Ҳамонгуна, ки Муҳаммад ҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон дар номае ба Антонио Гутереш дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид ва Шурои амният дар эътироз ба иқдоми Амрико, таъкид кардааст, ситоди фармондеҳии неруҳои амрикоии мустақар дар минтақаи ғарби Осиё масъули ҷиноятҳои мутаъааддиди террористӣ дар минтақааст, ки амнияти милии Эрон ва ҷони афроди бегуноҳи эронӣ ва ғайри эрониро ба хатар андохтааст. Аз ин руст, ки Шурои олии амнияти миллии Эрон бо таваҷҷуҳ ба собиқаи неруҳои амрикоӣ дар ғарби Осиё дар ҳимоят аз гуруҳҳои террористӣ ин мақарри фармондеҳиро дар рӯйхатти гуруҳҳои террористӣ қарор дод. Дар ҳар ҳол Амрико масъули авоқиби ин моҷароҷӯӣ аст.