Кашфи 6 ҷасад дар марзи Туркия ва Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i43051-Кашфи_6_ҷасад_дар_марзи_Туркия_ва_Эрон
Ҷасадҳои 6 муҳоҷири ғайриқонунӣ дар марзи Эрону Туркия дар минтақаи Вон, кашф шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 13, 2019 12:26 Asia/Dushanbe
  • Кашфи 6 ҷасад дар марзи Туркия ва Эрон

Ҷасадҳои 6 муҳоҷири ғайриқонунӣ дар марзи Эрону Туркия дар минтақаи Вон, кашф шуд.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, устондори устони Вони Туркия эълом карда, ки дар марзи Эрон,Туркия ва дар минтақаи Бошколо пас аз об шудани барфҳои зимистонӣ, ҷасадҳои 6 мард кашф шудааст.

Ин афрод байни 20 то 25 сол син дошта ва ба думболи он будаанд, ки ба шакли ғайриқонунӣ аз минтақаи кӯҳистонии Бошколо вориди Туркия шаванд, аммо бар асари сармо ва тӯфон ҷони худро аз даст додаанд.

Миллияти ҷон бохтагон ҳанӯз мушаххас нашудааст.