Апрел 14, 2019 19:06 Asia/Dushanbe
  • Адои эҳтироми ширкаткунандагони мусобиқоти байналмилалии Қуръон ба мақоми волои Имом Хумайнӣ

Ширкаткунандагон дар 36-умин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони карим бо ҳузур дар марқади мутаҳҳари Имом Хумайнӣ (раҳ.) ба мақоми волои бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон адои эҳтиром карданд.

Қориён, ҳофизон, доварон ва нухбагони Қуръони ҷаҳони Ислом имрӯз дар маросиме ҳамроҳи бархе масъулони баргузоркунандаи мусобиқоти байналмилалии Қуръон зимни зиёрати ҳарами Имом Хумайнӣ  ва адои эҳтиром маҳфили “Унс бо Қуръони карим”-ро дар ҷавори ҳарами мутаҳҳари Имом Хумайнӣ барпо карданд ва ба тиловати оёте аз Қуръони карим пардохтанд.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, тибқи расми ҳамасола, устодон, ширкаткунандагон ва баргузоркунандагони мусобиқоти байналмилалии Қуръони карим пас аз поёни ин рақобатҳо ба дидори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ мераванд. Ин дидор субҳи фардо дар ҳусайнияи Имом Хумайнӣ баргузор мешавад.

Сию шашумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони карим аз 10 то 14 апрел дар панҷ бахш, бузургсолон, рӯшандилон, толибилмон, донишомӯзону бонувон дар мусаллои бузурги Имом Хумайнӣ  ва мадрасаи илмияи Имом Мӯсо Козими шаҳри Қум, ҷануби Теҳрон баргузор шуд.