Баргузори ҳамоиши бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ дар Италия
(last modified Mon, 15 Apr 2019 09:05:54 GMT )
Апрел 15, 2019 14:05 Asia/Dushanbe
  • Баргузори ҳамоиши бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ дар Италия

Ҳамоиши бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ, шоири маъруфи Эрон бо ҳузури шуморе аз ҳофизшиносон ва алоқамандон ба фарҳангу адаби Эрон, дар шаҳри Рум (пойтахти Италия) баргузор шуд.

Ба гузориши ИРНА, дар ин ҳамоиши як рӯза, ки рӯзи якшанбе ба ибтикори ройзании фарҳангии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Италия дар мӯзеи ҳунарҳои муосири Рум баргузор шуд, таъсири ашъори Ҳофиз бар адабиёти ғарбӣ, бавижа бар Гёте, шоир ва файласуфи машҳури олмонӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷузеппе Оссани Дискурбан, коршиноси итолиёии адаб ва ҳунар дар ин ҳамоиш гуфт, ашъори Ҳофиз дар девони ғарбӣ ва шарқии Гёте мушоҳида мешавад ва бетардид Ҳофиз таъсири зиёде дар офариниши девони ин шоири олмонӣ дошт.

Стефано Пелло, устоди забону адабиёти форсӣ ва мутарҷими Девони Ҳофиз ба забони итолиёӣ ҳам дар ин ҳамоиш гуфт, Ҳофиз яке аз бузургтарин шоирони Эрон ва ҷаҳон маҳсуб мешавад ва мӯътақидам, ки аврупоиҳо ва бавижа итолиёиҳо бояд беш аз пеш бо ин шоири бузург ошно шаванд.

Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад ибни Баҳоуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ(зодаи 727 ҳиҷрии қамарӣ – даргузашти 792 ҳиҷрии қамарӣ дар Шероз), шоири садаи ҳаштуми ҳиҷрии Эрон аст.