Апрел 16, 2019 12:26 Asia/Dushanbe
  • Вуруди вазири умури хориҷаи Эрон ба Димишқ

Вазири умури хориҷаи Эрон барои дидор бо мақомҳои сурӣ вориди Димишқ пойтахти Сурия шуд.

Муҳаммад ҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон дар сафари як рӯза ба Димишқ бо Башор Асад раиси ҷумҳурӣ, Ҳамуда Саббоғ раиси маҷлис ва Валид Алмуъаллим вазири умури хориҷаи Сурия дидор ва дар бораи равобити дуҷониба ва мавзӯъоти минтақаӣ ва байналмиллалӣ гуфтугу хоҳад кард.

Вазири умури хориҷаи Эрон пас аз дидор бо мақомоти баландпояи сурӣ ва зиёрати ҳарамҳои мутаҳҳари ҳазрати Зайнаби кубро (с) ва ҳазрати Руқия (с) ба Туркия сафар хоҳад кард.

Ба гузориши идораи кулли депломасии расонаии Вазорати Умури хориҷа, Зариф илова бар машварат ва гуфтугу бо мақомоти олирутбаи Сурия ва Туркия, муҳимтарин мавзӯъоти фимобайн дар  равобити дуҷониба аз ҷумла тафоҳумоти раисони ҷумҳурии ду кишварро пайгирӣ хоҳад кард.

Ҳамоҳангии мавозеъ дар муҳимтарин мавзӯъоти минтақаӣ ва байналмиллалӣ бо ҳадафи кумак ба таъмиқ ва таҳкими сулҳ ва суботи минтақаӣ, аз дигар ҳадафҳои сафари вазири умури хориҷаи Эрон ба Сурия ва Туркия эълом шудааст.

 

 

Барчасп