Ифтитоҳи аввалин хабаргузории байналмилалии тасвирии Эрон ва ғарби Осиё дар Теҳрон
(last modified Tue, 16 Apr 2019 15:49:17 GMT )
Апрел 16, 2019 20:49 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи аввалин хабаргузории байналмилалии тасвирии Эрон ва ғарби Осиё дар Теҳрон

Аввалин хабаргузории байналмилалии тасвирии Эрон ва минтақаи ғарби Осиё бо унвони "Эрон пресс" дар Теҳрон ифтитоҳ шуд.

Хабаргузории байналмилалии "Эрон пресс", ки аз соли гузашта пахши озмоишии моҳвораии худро ба сурати 24-соата рӯйи Eutelsat 21b - фриконси 11520 оғоз кардааст, охирин тасовири хабариро ба сурати зинда ва гузоришҳои тавлидӣ дар ихтиёри мухотабон қарор медиҳад. Хабаргузории "Эрон пресс" тавонистааст фаъолияти худро бо вебсайти дузабонаи англисӣ ва арабӣ ва дар арсаи фазои маҷозӣ низ дар шабакаҳои “Фейсбук”, “Твиттер”, “Инстагарам”, “Ютуб” ва низ паёмрсонҳои “Ватсап”, “Телеграм” ва “Сурӯш” густариш диҳад.

Дар маросими ифтитоҳи хабаргузории “Эрон пресс”, Паймон Ҷабалӣ, муовини бурунмарзии Созмони садо ва симо гуфт, ин хабаргузорӣ бо ҳадафи ироаи тасвири дуруст ба афкори умумӣ эҷод шудааст ва ба сурати зинда ахборро дар ихтиёри мардум қарор медиҳад.  Аббоси Муҳаммаднажод, мудири кулли хабаргузории “Эрон пресс” ҳам гуфт, ҳамакнун 73 хабарнигори озод дар 23 кишвар омодаи ҳамкорӣ бо ин хабаргузорӣ ҳастанд.