Таъкиди Човушуғлу бар лузуми таваққуфи таҳримҳои Амрико зидди Эрон
Вазири хориҷаи Туркия эълом кард, Анкара ба мақомоти амрикоӣ гӯшзад кардааст, ки ба таҳримҳо зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон поён диҳанд.
Ба гузориши “Тасним”, Мавлуд Човушуғлу рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти хабарӣ бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон дар Анкара таъкид кард, Туркия мухолифи таҳримҳои Амрико зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон аст ва фишор бар мардуми Эронро аз ин тариқ нахоҳад пазируфт.
Вазири хориҷаи Туркия бо таъкид бар таъсири манфии таҳримҳои зиддиэронӣ бар кулли минтақа гуфт, Анкара барои таваққуфи сиёсатҳои якҷонибаи Вашингтон зидди Теҳрон талош мекунад.
Човушғлу бо интиқод аз тасмими ахири раисҷумҳури Амрико дар қарор додани номи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар листи гурӯҳҳои террористӣ гуфт, қарор додани нерӯҳои мусаллаҳи як кишвар дар листи терроризм ҷуз ҳарҷумарҷ натиҷае дарбар нахоҳад дошт.
Вазири хориҷаи Туркия афзуд, кишвараш ба талошҳои худ барои афзоиши мубодилот бо Эрон ба арзиши 30 миллиард доллар дар сол идома медиҳад ва дар ин замина мавзӯи ташкили созукорҳои ҷадидро баррасӣ хоҳад кард.