Апрел 18, 2019 09:33 Asia/Dushanbe
  • Имрӯз, рӯзи Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон

Имрӯз панҷшанбе 18 апрели 2019 рӯзи таҷлил ва такрими диловармардиҳо ва рашодатҳои персонели артиши Ҷумҳурии исломии Эрон аст.

Номгузории 29 фарвардин ба номи рӯзи Артиш аз ибтикороти имом Хумайнӣ (раҳ) бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон буд. Он ҳам дар шароите, ки артиши Ҷумҳурии исломии Эрон бо коршиканиҳои мухталифи дохилӣ ва хориҷӣ ру ба ру буд.

Ба муносибати 29 варфардин, рӯзи Артиши ҷумҳурии исломӣ, Ҳасани Руҳонӣ раиси Ҷумҳурии исломии Эрон суханронӣ мекунад ва режаи неруҳои намунаи артиши Эрон аз муқобили раиси ҷумҳурӣ ва мақомоти олирутбаи артиши ҷумҳурии исломӣ дар ҷавори марқади имом Хумайнӣ (раҳ) дар Теҳрон баргузор хоҳад шуд.

Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон нақши муҳимме дар тақвияти тавони дифоӣ ва низомии Эрон дорад ва ҳамчунон аз манофеъи ҷумҳурии исломӣ дар арсаҳои мухталиф дифоъ кардааст.