Апрел 20, 2019 14:00 Asia/Dushanbe
  • Иқдоми ғайри ҳирфаии Гугл зидди расонаҳои бурунмарзии Садо ва Симо

Ширкати амрикоии Гугл дар иқдоми сиёсӣ ва ғайри ҳирфаӣ бархе сервисҳои худро барои ду шабакаи телевизионии Пресс Ти Ви, Ҳиспон Ти Ви-и Эрон ва хабаргузории байналмиллалии Эрон Пресс ғайри фаъол кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Гугл дар ин иқдоми зидди расонаӣ, бидуни итиилоъи қаблӣ, Ҷи мейл ва низ ҳисоби корбарии  Пресс Ти Ви ва хабаргузории байналмиллалии  Эрон Пресс-ро дар  Ютюб  баст.

Ширкати амрикоии Гугл то кунун дар бораи ин иқдоми ғайриҳирфаии худ,тавзеҳ надодааст.

Коршиносон ин иқдоми Гуглро дар ростои сиёсати давлати  Доналд Трамп  раиси ҷумҳурии Амрико барои ташдиди фишорҳо алайҳи Эрон дар ҳавзаи расона ва пешгирӣ аз интишори озоди иттилоот арзёби мекунанд.

 

Барчасп