Апрел 21, 2019 20:51 Asia/Dushanbe
  • Вуруди нахуствазири Покистон ба Эрон

Нахуствазири Покистон дар нахустин сафари худ ба Эрон, рӯзи якшанбе вориди фурудгоҳи байналмилалии Машҳад, шимоли шарқи Эрон шуд ва мавриди истиқболи расмии устондорӣ ва мақомоти маҳаллии Хуросони Разавӣ қарор гирифт.

Ба гузориши ИРНА, Умрон Хон, нахуствазири Покистон пас аз дидор ва гуфтугӯ бо устондори Хуросони Разавӣ ба зиёрати боргоҳи мунаввари Имом Ризо (а), Имоми ҳаштуми шиаёни ҷаҳон мушарраф шуд.

Умрон Хон имшаб Машҳадро ба мақсади  Теҳрон тарк мекунад.

Нахуствазири Покистон ба даъвати расмии Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон барои сафари дурӯза ба Эрон омадааст.

Сафари нахуствазири Покистон ба Эрон метавонад мӯҷиби густариши равобит миёни ду кишвар, ба вижа дар ҳавзаи ҳамкории минтақавӣ барои мубориза бо терроризм ва тақвияти амнияти марзҳо бошад.

Барчасп