Рӯзи фарҳангии Эрон дар Бишкек + акс
Маросими рӯзи фарҳангии Эрон дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии Роҳи Абрешим дар шаҳри Бишкек баргузор шуд.
Ба гузориши хабаргузории “Форс, дар ибтидои ин маросим Роза Отунбоева, раисҷумҳури собиқи Қирғизистон ва Парвиз Қосимӣ, ройзани фарҳангии Эрон дар ин кишвар бар зарурати тақвияти ҳар чӣ бештари иштирокоти фарҳангии мардуми Қирғизистон ва Эрон таъкид карданд.
Отунбоева гуфт, Эрон як маркази фарҳангии муҳим дар Роҳи Абрешим буда ва ин мавзуъ бар одобу русуми мардуми қирғиз низ таъсири ҷиддӣ гузоштааст ва имрӯз ин гуна иштирокот фурсатҳоеро барои тавсеаи равобит байни кишварҳо эҷод мекунад.
Раиси ҷумҳурии собиқи Қирғизистон афзуд, ҳадаф аз барпоии намоишгоҳи Роҳи Абрешим ҳамин аст, ки мардумро аз тариқи абзорҳои ҳунарӣ ба ҳамдигар наздик кунад то иттилооти мустақим ва дақиқе дар бораи ҳамсоягон дарёфт кунанд.
Дар чорчӯби ин маросим ойини шоҳномахонӣ, шеърхонӣ, омӯзиши хушнависӣ, намоиши арӯсакҳои суннатии эронӣ ва ғайра баргузор шуд.