Вазири нафти Эрон: Руъёи Амрико дар таҳрими комили нафтӣ таъбир намешавад
(last modified Tue, 23 Apr 2019 13:23:06 GMT )
Апрел 23, 2019 18:23 Asia/Dushanbe
  • Вазири нафти Эрон: Руъёи Амрико дар таҳрими комили нафтӣ таъбир намешавад

Вазири нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба таҳдидҳои Амрико ва фишор бар дигар кишварҳо барои ҷилавгирӣ аз хариди нафти Эрон таъкид кард,​ амрикоиҳо мутмаин бошанд, хоб ва руъёашон дар ба сифр расонидани содироти нафти Эрон ҳеҷ гоҳ таъбир нахоҳад шуд.

Бежан Номдори Зангана, вазири нафти Эрон рӯзи сешанбе афзуд, баёнияи амрикоиҳо ва ҳампаймононашон дар хусуси ин ки метавонанд барои нафти Эрон ҷойгузине пайдо ва халъи онро пур кунанд, нишон аз шиканандагии чунин таҳдидҳое дорад.

Вазири нафти Эрон таъкид кард, касоне ки дар бораи нафти Эрон баёния содир ва бархе ҳам бо онҳо ҳамроҳӣ мекунанд, бидонанд дуди чунин иқдомоте ба чашми хелеҳо хоҳад рафт. Бавижа ин ки бозори нафт бисёр шикананда ва ғайриқобили пешбиниӣ аст.

Кохи Сафед, ки пештар ҳашт кишвари Чин, Ҳинд, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, Италия, Юнон ва Тайванро ба муддати 6 моҳ аз таҳримҳои нафтӣ алайҳи Эрон муоф карда буд, рӯзи душанбе дар баёнияе эълом кард, раисҷумҳури Амрико тасмим гирифтааст, муофиятҳои марбут ба коҳиши хариди нафт аз Эронро, ки дар моҳи майи соли 2019 ба поён мерасад, тамдид накунад.

Майк Пампео, вазири умури хориҷаи Амрико дар як конфронси хабарӣ эълом кард, Арабистон ва Иморот қавл додаанд, ба далели таҳримҳои нафтии Эрон камбуди нафт дар бозорҳои ҷаҳониро ҷуброн кунанд.