Ҳушдори Эрон ба Арабистон ва Баҳрайн дар хусуси табаъияти кӯркӯрона аз Амрико
(last modified Thu, 25 Apr 2019 12:17:05 GMT )
Апрел 25, 2019 17:17 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Эрон ба Арабистон ва Баҳрайн дар хусуси табаъияти кӯркӯрона аз Амрико

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон мавзеи ҳукуматҳои Арабистон ва Баҳрайнро дар ҳимоят аз таҳрими содироти нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон маҳкум кард ва онро нишонаи табаъияти кӯркӯрона аз Амрико ва нодонии онон нисбат ба авоқиби ин иқдом донист.

Ба гузориши Идораи кулли дипломосии расонаии вазорати хориҷаи Эрон, Сайид Аббоси Мусавӣ рӯзи панҷшанбе бо баёни инки давлат ва миллати Эрон душмании баъзе кишварҳоро дар ин шароити таърихӣ ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард, таъкид кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳеҷ кишваре иҷоза нахоҳад дод ҷойгузини Эрон дар бозори нафт шавад ва масъулияти ҳар гуна пайёмадро мутаваҷҷеҳи Амрико ва кишварҳои мазбур медонад.

Режимҳои Арабистони Саудӣ ва Баҳрайн рӯзи сешанбе тасмими раисиҷумҳури Амрико дар хусуси поёни муофияти таҳрими нафтии Эронро, иқдоме зарурӣ донистанд ва аз он истиқбол карданд.

Амрико рӯзи душанбе дар идомаи иқдомоти хасмонааш алайҳи Эрон эълом кард, муофиятҳои таҳримии муштариёни нафтии Эронро тамдид нахоҳад кард.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бо ишора ба эъдоми дастаҷамъии 37 нафар аз атбои саудӣ, онро як иқдоми аз навъи ҷоҳилияти пеш аз Ислом тавсиф ва бар лузуми бархӯрди ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ин гуна иқдомоти ҷунуномез таъкид кард.

Мусавӣ ҳушдор дод, Арабистони Саудӣ бо сиёсати фитнаангезӣ дар минтақа ва ҳимояти давлати Амрико, даст ба ин иқдомот мезанад ва лозим аст кишварҳои минтақа нисбат ба паёмадҳои хатарноки ин фитнаангезиҳо ҳушёр бошанд.

Арабистони Саудӣ рӯзи сешанбе ба баҳонаи мубориза бо терроризм, аз эъдоми 37 шаҳрванди саудӣ ба иттиҳомҳои амниятӣ хабар дод.