Апрел 25, 2019 18:59 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҳамкории тиҷории Теҳрон ва Нурсултон дар Сенои Қазоқистон

Муовини вазири кишоварзии Қазоқистон дар нишасти Сенои ин кишвар раванди ҳамкории тиҷорӣ байни Нурсултон ва Теҳронро матлуб хонд.

Рустам Курманов дар нишасти рӯзи панҷшанбеи Сенои ин кишвар дар ташреҳи равобит ва мубодилоти тиҷории Қазоқистон бо Эрон гуфт, дар ройзаниҳои мақомоти ду кишвар талошҳое дар ҳоли анҷом аст, то таърифаҳои гумрукӣ барои мубодилоти кишоварзии фимобайн камтар шавад.

Муовини вазири кишоварзии Қазоқистон афзуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон омодаи ҳамкорӣ бо Қазоқистон дар чорчӯби тавофуқномаи муваққати эҷоди минтақаи тиҷорати озод дар қолаби Иттиҳоди иқтисодии Евразия аст.

Мусаввабаи эҷоди минтақаи тиҷорати озод байни Эрон ва кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Евразия дар майи 2018 дар шаҳри Нурсултон (Остона), пойтахти Қазоқистон имзо шуд.

Дар ин тавофуқнома, тааҳҳудоти тарафайн дар коҳиш ё лағви ҳуқуқи гумрукӣ ва дигар мавонеи ғайри гумрукӣ барои бархе аз колоҳо дар чорчӯби ташвиқи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ таъриф шудааст.

Иттиҳоди иқтисодии Евразия як иттиҳоди иқтисодӣ аст, ки аъзои он бештар кишварҳои шимоли минтақаи Евразия, дар шарқи Аврупо ҳастанд.

 

Барчасп