Корзори фишори ҳаддиаксарии Доналд Трамп алайҳи Эрон маҳкум ба шикаст аст
Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон, ки ба Ню-Йорк сафар кардааст дар мусоҳиба бо шабакаи Факс-Нюз гуфт, корзори фишори ҳаддиаксарии Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико алайҳи Эрон маҳкум ба шикаст аст.
Зариф дар ин мусоҳиба хотирнишон кард, давлати кунунии Амрико ба раёсати Доналд Трамп арзише барои тавофуқҳо ва қавонини байналмиллалӣ қоил нест, хуруҷ аз БАРҶОМ то берун омадан аз Шурои ҳуқуқи башари Созмони Миллал ва дигар ниҳодҳои вобаста ба Созмони Миллал, бахше аз иқдомоти ғайриқонунии давлати Трамп аст, ки таҳдиде барои назми чандҷонибагароии ҳоким бар ҷаҳон ба ҳисоб меояд аз ин ру ин масъала ба мардуми Эрон нишон медиҳад, ки Амрико арзиши онро надорад, ки тарафи музокира бошад.
Амрико аз солҳо пеш аз пирӯзии инқилоб ва аз замоне, ки бо кудатои августи 1953 давлати қонунии Эронро соқит кард ҳамвора талош кардааст, то аз як сӯ ба баҳонаи мушорикат дар истихроҷ ва судури нафт, манофеъи Эронро ғорат кунад ва аз сӯи дигар аз мавқеъияти Эрон ба унвони як пойгоҳи низомӣ, ҷиҳати ҳузур дар минтақа баҳра бибарад.
Рафтори давлатмардони Амрико бо Эрон дар чиҳил соли гузашта низ идомаи ҳамон сиёсатҳои истикбории гузашта будааст. Амрико барои ҳифзи манофеъи зиёдахоҳонаи худ ва муттаҳамсозии дигарон дар ҷиҳати дастёбӣ ба ҳадафҳои палиди худ баҳра мебарад. Акнун низ Амрико дар садади истифода аз ҳамин равишҳо барои идомаи сиёсатҳои султаҷӯёна аст.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муъаззами инқилоб дар баёноте дар дидори фармондеҳони Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, беэътимодии мутлақ ба Амиркоро натиҷаи ақлонияти бархоста аз фикру умқу таҷриба донистанд ва гуфтанд, мавзӯъи душмании Амрико дар тули солҳои мутамодии баъд аз инқилоб ва дар қазоёи музокироти ҳастаӣ ва дар масоили дигар дидаем.
Акнун Амрико дар ҳоли боз тавлиди ин раванд аст. Амрико бо тамаркуз бар мавзӯъи тавони мушакӣ ба унвони яке аз муъаллифаҳои муҳим дар қудрати дифоӣ ва боздорандагӣ ва ҳамчунин бо ташдиди таҳримҳо бо ҳадафи зарба задан ба иқтисоди Эрон, меҳвари талошҳои худро маътуф ба барҳам задани амният ва суботи Эрон кардааст. Ҳадафи дигари Амрико махдуш нишон додани нақши минтақавии Эрон ва тахриби равобити Эрон дар сатҳи минтақавӣ ва байналмиллалӣ аст, аммо дар ин ҳадафҳо ҳаргиз муваффақ нахоҳад шуд.
Абделборӣ Атван таҳлилгари масоили сиёсӣ мегуяд, Трамп бо иҷрои бахши аслии таҳримҳо (мамнуъияти содироти нафт), ба дунболи бар ҳам задани суботи Эрон аст, аммо бо ин иқдомот бо оташ бозӣ мекунад ва дар ҳоле ки оташи ин ҷангро бо таҳрики Исроил барафрухта, аммо нуктаи ҷолиб инҷост, ки Арабистон ва дигар кишварҳо бештар дар маърази сухтан қарор доранд.
Атван хотир нишон мекунад, Эрон кишваре қудратманд ва дорои тарҳе стратегӣ аст ва бо тавоноии низомӣ ва неруи мушакии худ метавонад контроли вазъиятро ба даст гирифта ва тарафи муқобилро зудҳангом таслим кунад.
Сарлашкард Муҳаммади Боқирӣ раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи якшанбе дар ҳошияи бисту севвумин ҳамоиши саросарии фармондеҳон, расисон ва мудирони неруҳои интизомии Эрон бо таъкид бар ин нукта, ки агар нафти Эрон аз тангаи Ҳурмуз убур накунад, нафти дигар кишварҳо низ аз ин танга убур нахоҳад кард афзуд, киштиҳои Эрон низ ҳамчун дигар кишварҳо дар ҳоли убур аз тангаи Ҳурмуз ҳастанд, аммо агар қарор бошад касе ин тангаро ноамн кунад қатъан Эрон бо он бархурд хоҳад кард.