Апрел 30, 2019 10:11 Asia/Dushanbe
  • Имрӯз, рӯзи миллии Халиҷи ҳамеша Форс

Имрӯз сешанбе 30 апрели 2019 солрӯзи ихроҷи истеъморгарони португалӣ аз обҳои ҷанубии Эрон дар соли 1622, рӯзи милии Халиҷи Форс аст.

Ин рӯз, рӯзи ғайрати милии эрониён аст, ки ҳамвора барои дифоъ аз ин обу хок омода ҳастанд ва ба ҳеҷ бегонае иҷоза нахоҳанд дод, ки ба ин минтақа дастдарозӣ кунад.

Халиҷи Форс ё баҳри Порс, оброҳе аст, ки дар имтидоди баҳри Уммон ва дар миёни Эрон ва нимаҷазираи Арабистон қарор дорад.

Номи таърихии ин халиҷ, дар забонҳои мухталиф Халиҷи Форс ё баҳри Порс будааст.

Дар солҳои ахир талошҳои зиёде барои таҳрифи номи Халиҷи Форс анҷод шудааст, дар шароите, ки санадҳои мутаъадидии таърихӣ баёнгари ин аст, ки ин минтақаи обӣ аз қадим Халиҷи Форс буда ва ҳамчунон хоҳад буд.

Халиҷи Форс ҷузъе аз чаҳор баҳри машҳуре аст, ки ба эътиқоди юнониёни куҳан ҳамагӣ аз як уқёнуси бузург ба вусъате муодили ҳамаи обҳои ҷаҳон сарчашма мегиранд ва тамомии мардум дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон ин паҳнаи обиро бо номи порс мешинохтанд.

Ин халиҷ ба унвони муҳимтарин гузаргоҳи нафтии ҷаҳон бо тамаддуни Эрон, пайванде ногусастанӣ дорад ва аз ҷумла номҳое ба шумор меравад, ки аз гузашта токунун дар санадҳо, мукотибаҳо ва қарордодҳои миёни ақвом ва миллатҳои дуру наздик истифода мешуд.

Барчасп