Май 02, 2019 10:51 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар густариши равобити Эрон ва Қазоқистон

Дастёри вижаи раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон дар умури байналмиллал дар дидор бо сафири Қазоқистон дар Теҳрон бар аҳаммияти густариши муносиботи дӯстонаи ду кишвар таъкид кард.

Ҳусайн Амирабдуллоҳиён дастёри вижаи раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон дар умури байналмиллал дар дидори  Асхат Оразбой сафири Қазоқистон дар Теҳрон гуфт, тавсеъа ва тақвияти иртиботот ва ҳамкориҳои фимобайн дар арсаҳои мухталиф дар таъмини манофеъи миллии ду кишвар нақши асосӣ дорад.

Вай афзуд, Маҷлиси Шурои исломӣ аз тавсеъа ва густариши муносибот бо Қазоқистон дар арсаҳои мухталиф ба вижа дар арсаи парлумонӣ ҳимоят мекунад.

Асхат Оразбой сафири нави Қазоқистон дар Теҳрон низ дар ин дидор гуфт, Қазоқистон мизбони ҳайъатҳои мухталиф аз Эрон будааст ва дидорҳои мутаъаддиде дар болотарин сатҳ миёни ду кишвар анҷом шудааст, ки ин худ таъкиде бар равобити дустонаи ду кишвар аст.

Сафири нави Қазоқистон дар Теҳрон афзуд, Қазоқистон аз болоравии сатҳи равобит бо Эрон истиқбол мекунад.

Барчасп