Дабири кулли ОПЕК: Ҳазфи нефти Эрон ғайримумкин аст
Дабири кулли Созмони кишварҳои содиркунандаи нефт (ОПЕК) ҳазфи нефти Эрон аз бозорро ғайримумкин донист ва гуфт, дар ОПЕК якравӣ надорем.
Муҳаммад Сануси Баркиндо(Mohammed Sanusi Barkindo), дабири кулли Созмони кишварҳои содиркунандаи нефт имрӯз (панҷшанбе) дар ҳошияи нишасти хабарии худ дар 24-умин намоишгоҳи байналмилалии нефт, газ, полоиш ва петрошимӣ дар Теҳрон дар бораи инки ду узви ОПЕК иддаои ҷойгузини нефти Эронро кардаанд, гуфт, ОПЕК, тасмимҳои гурӯҳӣ мегирад ва якравӣ надорем, сиёсати ОПЕК бар ин аст, то бо машварат бо коршиносони дабирхона, ҳамаи аъзо дар канори ҳам ва бар асоси хиради ҷамъӣ тасмим бигиранд.
Баркиндо дар бораи таҳдидҳое, ки ба тозагӣ дар бораи арзаи нефти Эрон матраҳ шудааст, гуфт, дар бораи масъалаи Эрон дар сатҳи вазорат ва дабирхонаи ОПЕК гуфтугӯҳое дорем, то роҳкорҳои мумкинро баррасӣ кунем.
Вай тасреҳ кард, масъалаи Эрон рӯи кулли ОПЕК таъсир мегузорад ва иттифоқҳое, ки дар Эрон, Венесуэла ё Либия рӯй медиҳад, рӯи кулли бозор ва санъати нефт, таъсир мегузорад.