Зариф: Эрон иҷоза намедиҳад Амрико тангаи Ҳурмузро ноамн кунад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i43478-Зариф_Эрон_иҷоза_намедиҳад_Амрико_тангаи_Ҳурмузро_ноамн_кунад
Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон иҷоза намедиҳад, Амрико тангаи Ҳурмуз (ҷануби Эрон)-ро ноамн кунад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 02, 2019 17:48 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Эрон иҷоза намедиҳад Амрико тангаи Ҳурмузро ноамн кунад

Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон иҷоза намедиҳад, Амрико тангаи Ҳурмуз (ҷануби Эрон)-ро ноамн кунад.

Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи панҷшанбе дар ҳошияи "Маҷмаи гуфтугӯи ҳамкории Осиё" дар Доҳа- пойтахти Қатар, дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии “Алҷазира”, афзуд, инки Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Амрико дар пайи ҷанг бо Эрон аст, масъалаи ҷадиде нест, чаро, ки вай дар соли 2015 дар рӯзнома “Ню-Йорк Теймз”, Эронро ба ҷанги ҳастаӣ таҳдид карда буд.

Зариф бо баёни инки Теҳрон хоҳони афзоиши таниш бо Вашингтон нест, тасреҳ кард, Халиҷи Форс ва тангаи Ҳурмуз, мавзӯи ҳаётӣ барои Эрон ҳастанд ва Эрон хоҳон тараддуди амн ва озод барои дарёнавардии тамоми кишварҳо аст.

Вай ба ҳазинаи ҳафт триллиондолларии ҷангҳои Амрико дар ғарби Осиё ишора кард ва гуфт, давлати Амрико минтақаи Ховари Миёнаро нобуд кард ва бисёре аз амрикоиҳо бидуни ҳеҷ далел ва ҳадафе дар ин минтақа кушта шуданд.

Зариф рӯзи сешанбе барои ширкат дар 16-умин иҷлоси вазирони хориҷаи "Маҷмаи гуфтугӯи ҳамкории Осиё" ба Доҳа сафар кард.

Вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ин нишаст, буҳронҳои минтақаи ғарби Осиёро, ношӣ аз моҷароҷӯиҳои кӯтоҳбинонаи давлати Амрико донист.