Таъкиди мақоми Русия бар лузуми муқобила бо иқдомоти зиддиэронии Амрико
(last modified Thu, 02 May 2019 13:34:51 GMT )
Май 02, 2019 18:34 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди мақоми Русия бар лузуми муқобила бо иқдомоти зиддиэронии Амрико

Раиси Маркази амният ва энержии Русия бо ишора ба рӯйкарди Амрико алайҳи кишварҳои мустақил, гуфт, Маскав бояд дар баробари иқдомоти зиддиэронии Вашингтон биистад.

Антон Хлопков рӯзи панҷшанбе дар мусоҳиба бо ИРНА гуфт, агар чӣ таҳрими нефтии Амрико алайҳи Эрон мумкин аст, боиси тақсими саҳми ин кишвар дар бозор байни дигар кишварҳо шавад, аммо ин раванд ба нафъи Маскав нахоҳад буд чаро, ки Кремл хоҳони заиф шудани шарикони худ дар минтақа нест.

Вай афзуд, Амрико иқдомоти худро алайҳи чаҳор кишвари мустақил шомили Русия, Эрон, Чин ва Венесуэла мутамаркиз карда ва анвои иқдомотро дар бахшҳои сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва энержӣ алайҳи ин кишварҳо ба иҷро гузоштааст.

Ин мақоми рус гуфт, Эрон дар Сурия исбот кард, ки шарики муҳимме барои Русия дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ аст ва дар масоили дигар низ ҳамкории Маскав ва Теҳрон муҳим ва арзишманд хоҳад буд.

Хлопков бо ишора ба сатҳи олии ҳамкорӣ ва равобити Эрон ва Русия афзуд, бо ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии ду кишвар дар арсаи минтақаӣ ва байналмилалӣ ва тавсеаи равобити дуҷониба, раванди кунунӣ густариш хоҳад ёфт.

Кохи Сафед душанбеи ҳафтаи гузашта эълом кард, ки имрӯз панҷшанбе 2-май ба муофиятҳои дарназар гирифта шуда барои харидорони нефти Эрон, поён медиҳад.

Мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷумла Бижан Номдори Зангна, вазири нефт эълом карданд, ки Амрико тавони басифр расондани фурӯши нефти Эронро надорад ва ин кишвар роҳҳои мухталифе барои фурӯши нефти худ дорад.

Раиси Маркази амният ва энержии Русия таъкид кард, Маскав бояд аз ҳамроҳӣ бо ин иқдоми зиддиэронии Амрико худдорӣ кунад.