Маҳкумияти талоши Амрико барои кудато дар Венесуэла
Сухангӯи вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, талоши Амрикоро барои анҷоми кудато дар Венесуэла маҳкум кард.
Сайид Аббоси Мусавӣ панҷшанбешаб гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон талоши Амрикоро барои анҷоми кудато ё ҳар гуна иқдоми низомӣ дар Венесуэла ва суханони мақомоти амрикоӣ барои таҳрик ба иғтишош ва хушунат дар он кишвар маҳкум мекунад.
Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон дар вокуниш ба ахбори марбут ба изҳори назари мақомоти амрикоӣ мабнӣ бар истифода аз зӯр ва иқдоми низомӣ зидди Венесуэла изҳор кард: Таҳдид ба истифода аз зӯр зидди кишварҳои дигар нақзи ошкори ҳуқуқи байналмилал ба вижа маншури Созмони милали муттаҳид аст.
Мусавӣ афзуд: Аз дабири кулли Созмон милали муттаҳид ва ҳамаи аъзои ҷомеаи байналмилалӣ интизор меравад ин гуна изҳоротро маҳкум кунанд ва ба он вокуниши лозим нишон диҳанд.
Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон хотирнишон кард: Мутаассифона назм ва суботи байналмилалӣ тавассути иддае афроди ҷангталаб, қонунгрез ва ҳарҷу марҷхоҳ дар давлати Амрико бо хатар рӯбарӯ буда ва лозим аст ҳамаи аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ масъулияти хатири худро дар маҳори ин гуна иқдомот ба кор гиранд.
Хуан Гуайдо раиси мухолифони Венесуэла рӯзи сешанбе бо ҳимояти мустақими Кохи Сафед аз тарафдоронаш ва низ неруҳои мусаллаҳи ин кишвар хост то зидди Николас Мадуро раиси ҷумҳурии қонунии Венесуэла шӯриши мусаллаҳона кунанд.
Аммо ин дархост бо истиқболи низомиёни венесуэлаӣ мувоҷеҳ нашуд ва кудатои маҳдуди Гуайдо шикаст хӯрд.