Май 04, 2019 17:00 Asia/Dushanbe
  • Паёми вазири хориҷаи Эрон ба Арабистон ва Иморот

Вазири умури хориҷаи Эрон ба Арабистон ва Иморот барои тарғиби Вашингтон ба тақобул бо Эрон ҳушдор дод ва таъкид кард, дар сурати низоъ дар минтақа, ҳеҷ кас масун нахоҳад буд.

Муҳаммадҷаводи Зариф дар гуфтугӯ бо пойгоҳи хабарӣ ва таҳлилии “Лоблог” –и Амрико, ки имрӯз (шанбе) мунташир шуд гуфт, Арабистон ва Иморот ба Амрико эълом кардаанд, ки метавонанд нафти Эронро ҷойгузин кунанд, ки ин иқдом ба мафҳуми мушорикат дар як терроризми иқтисодӣ аст.

Вазири умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар ин ки сиёсати Теҳрон, ҳифзи наздиктарин равобит бо ҳамсоягон аст гуфт, Ироқ, Туркия, Покистон, Афғонистон, Русия, Арманистон, Ҳинд ва ҷумҳурии Озарбойҷон аз наздиктарин ҳамсоягони Эрон ҳастанд, ки Теҳрон равобити хубе бо онҳо дорад.

Зариф бо баёни ин ки Эрон равобити олӣ бо тамоми кишварҳои Шӯрои ҳамкории халиҷи Форсро хостор аст, изҳор дошт, Эрон равобити бисёр хубе бо бархе аз кишварҳои Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс дорад, аммо бо бархе дигар ба далели мавозеи зиддиэронӣ, равобити хубе надорад.

 

Барчасп