Май 05, 2019 10:39 Asia/Dushanbe

Ҳамзамон бо рӯзҳои моҳи мубораки Рамазон радиои тоҷикии Садои Хуросон вижа барномаи саҳаргоҳиро бо унвони "Суруши саҳар" пахш мекунад.

Ин барнома аз саҳаргоҳи рӯзи душанбе шашуми май ҳар рӯз аз соати 02:20 дақиқа то 03:50-и бомдод ба вақти Душанбе ба рӯи антен хоҳад рафт.

Муъминон ва саҳархезони Рамазон метавонанд ин барномаро рӯи мавҷи кӯтоҳ радифи 7280 килогертз ва рӯи мавҷи мутавассит радифи 720 килогертз дарёфт кунанд.

Ҳамчунин барномаи "Суруши саҳар" аз моҳвораи Эронсат низ қобили дарёфт аст.