Таҳлилгари ҳиндӣ: Нафти Арабистон қобилияти ҷойгузинии нафти Эронро надорад
(last modified Sun, 05 May 2019 14:41:58 GMT )
Май 05, 2019 19:41 Asia/Dushanbe
  • Таҳлилгари ҳиндӣ: Нафти Арабистон қобилияти ҷойгузинии нафти Эронро надорад

Мудири Анҷумани мутолиоти байналмилалии Деҳлии Нав гуфт, ки аз назари кайфият ва қимат нафти Ироқ ва Арабистон ҳаргиз қобилияти ҷойгузинӣ бо нафти Эрон дар полоишгоҳҳои Ҳиндустонро надорад.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи ИРНА, Сумита Кати бо ишора ба ин, ки полоиши нафти Ироқ ва Арабистон барои полоишгоҳҳои кишвар бисёр гарон тамом мешавад афзуд, полоиши нафти Эрон дар полоишгоҳҳои  Ҳиндустон бисёр басарфатар аст.

Сумита Кати тасреҳ кард: Ба рағми талошҳои давлати Вашингтон барои эҷоди фосила миёни Эрон ва ҳамсоягонаш, бояд гуфт, ки Деҳлии Нав дар оянда ҳеҷ таҷдиди назаре дар сиёсати хориҷаи худ бо Эрон нахоҳад дошт ва ин кишвар ҳамчунон ба унвони ҳамсояи хуб ва шоистаи Ҳиндустон шинохта мешавад.