Май 06, 2019 19:02 Asia/Dushanbe
  • Азсаргирии бахше аз фаъолияти ҳастаии Эрон, ба зудӣ

Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, Эрон дар вокуниш ба хуруҷи Амрико аз БарҶом ва бадаҳдии кишварҳои аврупоӣ дар иҷрои тааҳҳудоташон, дар нахустин гом бахше аз фаъолиятҳои ҳастаии худро, ки дар чорчӯби БарҶом мутаваққиф шуда буд, азсар мегирад.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Сайидаббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе бо таъкид бар ин ки феълан мавзӯи хуруҷи Теҳрон аз БарҶом матраҳ нест, афзуд, барномаҳои пешбинишудаи Эрон барои азсаргирии бахше аз фаъолиятҳои ҳастаияш дар чорчӯби банди 36 –и БарҶом хоҳад буд, ба тавре, ки бархе тааҳҳудоти Теҳрон дар ин тавофуқ коҳиш меёбад.

Бар асоси банди 36 –и БарҶом, Эрон метавонад дар мавоқеи бозгашти таҳримҳо, бархе аз тааҳҳудоти худро коҳиш диҳад.

Ироқчӣ изҳор дошт, иқдомоти мутақобили Ҷумҳурии Исломии Эрон дар баробари хуруҷи Амрико аз БарҶом ва бадаҳдии кишварҳои аврупоӣ дар иҷрои тааҳҳудоташон рӯзи чаҳоршанбе, ҳаштуми май (солгарди хуруҷи Амрико аз БарҶом) расман эълом мешавад.

Раиси ҷумҳурии Амрико ҳаштуми майи соли 2018 дар иқдоме якҷониба, хуруҷи Амрикоро аз БарҶом эълом кард ва дар ду марҳала низ таҳримҳоеро, ки тибқи ин тавофуқ бардошта шуда буд, бозгардонд.

Мақомоти Иттиҳоди Аврупо низ дар як соли гузашта фақат ба ироаи ваъдаҳои иҷронашуда дар қиболи мондани Эрон дар БарҶом иктифо карданд.

 

Барчасп