Паёмҳои рамазонии мақомоти Эрон ба сарони кишварҳои исломӣ
(last modified Tue, 07 May 2019 12:46:04 GMT )
Май 07, 2019 17:46 Asia/Dushanbe
  • Паёмҳои рамазонии мақомоти Эрон ба сарони кишварҳои исломӣ

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва раиси парлумони ин кишвар дар паёмҳои ҷудогонае фаро расидани моҳи пурфайзу баракати Рамазонро ба ҳамтоёни худ дар кишварҳои исломӣ табрик гуфтанд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёмҳои ҷудогонае ба сарони кишварҳои исломӣ зимни табрики фаро расидани моҳи Рамазон тасреҳ кард, кишварҳои исломӣ дар ин моҳи саросар меҳру раҳмат бо пайравӣ аз оёти Қуръони карим дар роҳи бандагӣ, наздикӣ бо Худо ва бародарии исломӣ гом бармедоранд, то ба баракати ин неъмати гаронқадр сулҳу оромиш дар саросари ҷаҳон фарогир шавад.  Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд, Рамазон моҳи озодии ҷон, моҳи ишқу ирфон ва таҷдиди аҳду паймон, фурсате аст, то мусалмонон бо дилдодагӣ дар пешгоҳи Маъбудашон аз ин зиёфати илоҳии бошукӯҳ баҳраманд шаванд ва аз дарёи пургуҳари рӯзадорӣ марвориди заррини ибодат ва итоат сайд кунанд.

Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ҳам дар паёме ба раисони маҷолиси кишварҳои исломӣ навишт, моҳи Рамазон маҷоле барои тақвияти ҳамдилӣ, ҳамсадоӣ ва ваҳдати миёни миллатҳои мусалмон ва гиреҳгушоӣ дар ҷомеаҳои мусалмонон аст. Лориҷонӣ бо эъломи омодагии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон барои тақвияти ҳарчи бештари муносибот ва ройзаниҳои муассиру созанда бо маҷолиси кишварҳои исломӣ ибрози умедворӣ кард, бо баҳрагирӣ аз баракоту маорифи азими моҳи мубораки Рамазон фасли навин дар муносиботи бародарона ва ҳамчунин тавсеаи ҳамдилию ҳамкории ҷаҳони Ислом гушуда мешавад.

Имрӯз, сешанбе, ҳафтуми майи соли 2019 дар Эрон ва бархе аз кишварҳои исломӣ аввали моҳи мубораки Рамазон аст.