Май 07, 2019 18:55 Asia/Dushanbe
  • Гузоришгари СММ: Таҳримҳои зиддиэронии Амрико нақзи ҳуқуқи башар аст

Гузоришгари мустақили Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид таҳримҳои иқтисодии Амрико барои мақосиди сиёсиро нақзи ҳуқуқи башар ва меъёрҳои байналмилалӣ донист.

Ба гузориши торнамои Созмони Милали Муттаҳид, Идрис Ҷазоирӣ, коршиноси мустақили алҷазоирӣ, ки аз сӯйи Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид ба унвони гузоришгари вижаи ин шӯро фаъолият мекунад, гуфт: “Лағви маофияти харидорони нафти Эрон аз таҳримҳо ба рағми эътирози Туркия ва дигар кишварҳо нигаронкунанда аст”. Ҷазоирӣ тасреҳ кард, ихтилофҳои сиёсии давлатҳо набояд ба ташдиди балоёи иқтисодӣ, инсонӣ, гирифторӣ ва гаравгон гирифта шудани мардуми оддӣ мунҷар шавад. Ҷазоирӣ, ки дар ҳавзаи баррасии паёмадҳои манфии таҳримҳо фаъолият мекунад, ба таҳримҳои якҷонбаи Амрико алайҳи Эрон, Куба ва Венесуэла ишора карда афзуд, тағйири низомҳо ё рафтори онҳо аз тариқи иқдомҳои иқтисодии мунҷар ба нақзи ҳуқуқи асосии башар ҳаргиз рӯъёи пазируфташуда дар равобити биналмилал нест.

Кохи Сафед дувуми май ба маофиятҳои дар назар гирифташуда барои бархе кишварҳои харидори нафти Эрон поён дод. Вашингтон соли гузашта ҳам эълом карда буд, ки содироти нафти Эронро ба сифр мерасонад, аммо дар иҷрои ин сиёсат шикаст хӯрд ва маҷбур шуд, кишварҳое шомили Чин, Ҳинд, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, Италия, Юнон ва низ Тайванро аз таҳримҳои нафтӣ алайҳи Эрон маоф кунад. Кишварҳое чун Туркия ва Чин бо радди ин иқдоми зиддиэронии Кохи Сафед эълом кардаанд, ки ба таҳримҳои нафтии Вашингтон аҳамият намедиҳанд.

 

Барчасп