Май 08, 2019 14:17 Asia/Dushanbe
  • Таслимномаи Эрон ба сафирони кишварҳои узви БАРҶОМ

Сафирони кишварҳои узви БАРҶОМ шомили Олмон, Англия, Чин, Русия ва Фаронса имрӯз чоршанбе ба Вазорати умури хориҷаи Эрон даъват шуданд ва номаи раисҷумҳури Эрон ба онҳо таслим шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар ин нома тасмими Шӯрои амнияти миллии Эрон мабнӣ бар "Таваққуфи иҷрои бархе  тааҳҳудоти Ҷумҳурии исломии Эрон дар БАРҶОМ" ба иттилои сарони кишварҳои узви БАРҶОМ расидааст.

Ҳамчунин дар номаи дигаре имрӯз субҳ тавассути Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон барои Федерико Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ирсол шуд.

Ҷузъиёти иқдомоти Эрон ба иттилои вай ба унвони ҳамоҳангкунандаи Комиссияи муштараки БАРҶОМ расид.

Бо гузашти як сол аз хурӯҷи Амрико аз БАРҶОМ Аврупо низ натавонистааст ба ваъдаи худ дар БАРҶОМ амал кунад.