Осонсозии шароити сафари атбои Эрон ва Русия
Протоколи дуҷонибаи осонсозии шароити сафари атбои Эрон ва Русия ба имзои вазирони умури хориҷаи ду кишвар расид.
Протоколи тавофуқи дуҷониба барои осонсозии шароити сафари атбои рус ва эронӣ рӯзи чаҳоршанбе дар поёни дидори Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ва Сергей Лавров, ҳамтои руси вай тайи маросиме дар Маскав имзо шуд.
Лавров дар маросими имзои ин санади дуҷониба хотирнишон кард, протоколи тасҳили шароити сафари атбои рус ва эронӣ ба тавсеаи тамосҳо байни мардуми ду кишвар ва густариши равобити бозаргонӣ ва иқтисодии Эрон ва Русия кумак мекунад.
Вазирони хориҷаи Эрон ва Русия имрӯз, чаҳоршанбе, дар хусуси ҳамкориҳои ду кишвар ва масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.