Май 09, 2019 16:31 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Чин ба таҳримҳои якҷонибаи Амрико зидди Эрон

Сухангӯи вазорати бозаргонии Чин эълом кард, Пекин мухолифи эъмоли таҳримҳои якҷонибаи Амрико зидди Эрон аст.

Ба гузориши ИРНА, Gao feng рӯзи панҷшанбе дар ҷамъи хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ дар Пекин афзуд, таҳримҳои якҷонибаи Амрико зидди Эрон аз ҷумла таҳримҳои нефтӣ, омили бесуботӣ дар минтақаи Ховари Миёна, бозори энержӣ ва боиси афзоиши баҳои нефти хом мешавад.

Вай аз Чин ва Эрон ба унвони шарики муҳимми тиҷорӣ ёд кард ва гуфт, Пекин дар чорчӯби қавонини байналмилалӣ, аз ҳуқуқи ширкатҳои худ дар иртибот бо Эрон дифо мекунад.

Сухангӯи вазорати бозаргонии Чин ҳамчунин таъкид кард: Эрон шарики нахусти тиҷории Чин аст ва мизони мубодилоти бозаргонӣ байни ду кишвар низ ҳамчунон дар ҳоли рушд аст.

 

Барчасп