Май 10, 2019 19:36 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Аврупо дар БАРҶОМ дар маърази озмуни бузурге қарор дорад

Хатиби намози ҷумхаи Теҳрон бо ишора ба таваққуфи бархе иқдомоти Эрон дар БАРҶОМ таъкид кард: Шӯрои амнияти СММ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аврупоиҳо дар БАРҶОМ дар маърази озмуни бузурге қарор доранд.

Ҳуҷҷатулислом Муҳаммадҷаводи Ҳоҷиалии Акбарӣ дар хутбаи ин ҳафтаи Теҳрон бо таъкид бар ин, ки мардуми Эрон бо иттиҳод ва ваҳдати мисолзаданӣ душманонро шикаст медиҳад, афзуд: Асабонияти аврупоиҳо аз таваққуфи бархе иқдомоти Эрон дар БАРҶОМ нишондиҳандаи масири саҳеҳи Ҷумҳурии исломӣ барои таҳаққуқи манофеи миллати Эрон аст.

Ҳуҷҷатулислом Ҳоҷиалии Акбарӣ  таъкид кард: Таваққуфи бархе иқдомоти Эрон дар БАРҶОМ иқдоме аввалия ва муқаддамотӣ аст ва агар аврупоиҳо ба тааҳҳудоти худ амал накунанд, Эрон бо поёни мӯҳлати 60 рӯза, иқдомҳои баъдиро анҷо медиҳад.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо ишора ба ҳамроҳӣ накардани бархе аз кишварҳо бо иқдомҳои зиддиэронии Амрико гуфт: Мардуми Аврупо дигар таҳаммули ҳазинаҳои Амрикоро надоранд ва иттифоқоте монанди Брексит дар Англия ва ҷалиқазардҳо дар Фаронса нишон аз умқи мушкилоти Аврупо дорад.

 

 

Барчасп