Марги дилхароши дучархасавори эронӣ дар бозиҳои паралимпии Рио
Баҳмани Гулборнажод, дучархасавори қаҳрамони эронӣ, ки асри шанбе дар рақобатҳои дучархасавории Бозиҳои паралимпӣ-2016 дучори ҳодиса шуда буд, ба далели шиддати ҷарроҳатҳояш даргузашт.
Ба гузориши хабаргузори Садо ва симо, бо ҷон бохтани варзишкори эронӣ дар мусобиқоти паралимпии Рио корвони варзишии Эрон дар ин мусобиқот дар ғаму мотам фурӯ рафт.
Баҳмани Гулборнажод, дучархасавори корвони варзишии Эрон асри дирӯз дар мусобиқоти Бозиҳои паралимпӣ-2016 дучори ҳодиса шуда, аз ноҳияи гарданаш ба шиддат осеб дид ва пас аз интиқол ба бемористон дори фониро видоъ гуфт. Ба ҳамин муносибат маросими поёнии Бозиҳои паралимпӣ-2016 бо як дақиқа сукут оғоз мешавад. Ба эҳтироми даргузашти ин варзишкори эронӣ аз асри дирӯз, ба вақти маҳаллӣ парчами мусобиқот ва парчами Эрон дар деҳкадаи бозиҳо ба сурати нимабарафрошта даромад.
Филип Криун, раиси Кумитаи байналамилалии паралимпӣ бо ғамангез хондани марги дучархасавори эронӣ гуфт, ки марги Гулборнажод бар бозиҳои паралимпӣ соя андохтааст.
Баҳмани Гулборнажод, ки дорои 12 медали тило ва як нуқраи мусобиқоти байналамилалӣ буд, дар даврони ҷанги таҳмилии Ироқ алайҳи Эрон ва дар ҳоле ки 20-сола буд, ба ҷабҳа рафт ва дар асари инфиҷори минаи душман пой чапашро аз даст дод.