Эрон севвумин кишвари тавлиди маҳсулоти ҳунари дастии гуногун дар ҷаҳон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i43705-Эрон_севвумин_кишвари_тавлиди_маҳсулоти_ҳунари_дастии_гуногун_дар_ҷаҳон
Муовини Созмони мероси фарҳангӣ, ҳунари дастӣ ва гардишгарии Эрон гуфт: Эрон бо доро будани беш аз 295 риштаи фаъоли ҳунари дастӣ, севвумин кишвари тавлидкунанда аз лиҳози танаввуи ҳунари дастӣ дар ҷаҳон аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 12, 2019 12:54 Asia/Dushanbe
  • Эрон севвумин кишвари тавлиди маҳсулоти ҳунари дастии гуногун дар ҷаҳон

Муовини Созмони мероси фарҳангӣ, ҳунари дастӣ ва гардишгарии Эрон гуфт: Эрон бо доро будани беш аз 295 риштаи фаъоли ҳунари дастӣ, севвумин кишвари тавлидкунанда аз лиҳози танаввуи ҳунари дастӣ дар ҷаҳон аст.

Пуё Маҳмудиён, муовини Созморни мероси фарҳангӣ, ҳунари дастӣ ва гардишгарии Эрон рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории Садо ва Симо афзуд: Анвои бофтаҳои дорӣ, зерандозҳо, гилемҳо, мунаббат, муаррақ, хотам, қаламзанӣ, мис, зеваролоти суннатӣ, рӯдӯзиҳои суннатӣ, маҳсулоти чармӣ ва либоси суннатӣ аз ҷумлаи риштаҳое ҳастанд, ки ҳунармандони эронӣ дар он машғул ба фаъолият ҳастанд.

Муовини Созмони мероси фарҳангӣ, ҳунари дастӣ ва гардишгарии Эрон ҳунари дастиро сафири фарҳангӣ ва тарвиҷкунандаи фарҳанг ва ва ҳунар унвон карду гуфт: Эрон бо сабти ҷаҳонии ҳафт шаҳр ва русто, рутбаи нахусти дунёро дар ин замина ба худ ихтисос додааст.