Май 13, 2019 14:54 Asia/Dushanbe
  • Роҳи Абрешим мероси муштараки Эрон ва кишварҳои минтақа аст

Раиси муасисаи фарҳангии ЭКО гуфт; Роҳи абрешим намоде аз гуфтугӯи даруни тамаддунӣ ва ҷузӣ мероси муштараки Эрон ва кишварҳои минтақа аст.

Дуктур Муҳаммад Маҳдӣ Мазоҳирӣ рӯзи душанбе дар ҳамоиши байналмиллалии Шоҳнома дар гузари ҷодаи Абрешим дар Машҳад афзуд;бо сабти ҷаҳонии Ҷодаи Абрешим ба унвони мероси муштараки башарият метавон аз ин намоди таърихӣ барои тавсиъаи гардишгарӣ, эҳёӣ меросҳои тамаддунӣ,таъомулоти забонӣ ва тақвияти заминаҳои фарҳангӣ ва иқтисодӣ баҳра гирифт.

 Раиси муасисаи фарҳангии ЭКО гуфт; густариши забонифорсӣ ба унвони ҳомили фарҳанги эронӣ аз муалифаҳои роҳи Абрешим аст,ки гузаштаро ба оянда пайванд медиҳад,пандҳои арзишман аз аҷдодро ба насли имрӯз мерасонад ва ин фароянд ба бархурди тамадунҳо меанҷомад ва муҷиби ҳамкории бештар дар робитаҳои байналмиллал мешавад.

Мазоҳирӣ афзуд; аз миёни ифтихороти фарҳангии минтақаи ЭКО, ҳаким Фирдавсӣ дар густараи замон ва ҷаҳон ҷойгоҳи волое дорад,ки саргузашти қавми эронӣ,ҳувияти миллӣ ва таърихии Эронро санадият мебахшад ва рафтор, фарҳанг ва одоби эрониёнро ба тасвир мекашад.

Ҳамоиши байналмиллалии Шоҳнома дар гузари ҷодаи Абрешим аз 13 моҳи май оғоз шудааст ва ба муддати се рӯз идома дорад.

 Муасисаи фарҳангии ЭКО як ниҳоди байналмиллалие аст,ки бо ҳадафи таҳкими қаробатҳои фарҳангӣ,ҳунарӣ,пажуишӣ ва адабӣ миёни кишварҳои узв бо дигар кишварҳо таъсис шудааст. Паймони ЭКО бо узвияти 10 кишвар шомили Ҷумҳурии исломии Эрон, Туркия,Озарбойҷон Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Тоҷикистон,Афғонистон ва Покистон яке аз қадимитарин паймонҳои минтақаие аст,ки дар 3 ҳавзаи иқтисодӣ фарҳангӣ ва илмӣ фаъолият мекунад.