Май 13, 2019 19:28 Asia/Dushanbe

Беҳноми Сафавӣ, хонандаи ҷавони мусиқии поп дар Эрон пас аз солҳо таҳаммули беморӣ, имрӯз дар синни 36 солагӣ даргузашт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз ИСНА, ин хонандаи эронии поп, ки аз шаш сол пеш ба бемории саратон мубтало шуда буд, пас аз солҳо таҳаммули ин беморӣ ва ду бор амали ҷарроҳӣ, саранҷом имрӯз дар бемористоне дар шаҳри Исфаҳон барои ҳамеша ором гирифт.

Гуфта мешавад, пайкари он марҳум дар Шоҳиншаҳри Исфаҳон ё қитъаи ҳунармандони Биҳишти Заҳро (с) - и Теҳрон ба хок супурда мешавад.

Беҳноми Сафавӣ - донишомӯхтаи риштаи муҳандисии умрон буд ва ёдгирии мусиқиро аз даврони кӯдакӣ бо сози пианино (пиону) ба сурати худомӯз оғоз карда буд.

“Оромиш”, “Фавқулода” ва “Муъҷиза” аз албомҳое аст, ки аз ин хонандаи поп ба бозор арза шудааст.

Таронае, ки мешунавед, аз осори Беҳноми Сафавӣ аст, ки дар давроне, ки аз беморӣ беҳбуд ёфта буд, онро иҷро кард.