Зариф: Амрико бидуни далел дар ҳоли афзоиши таниш бо Эрон аст
(last modified Tue, 14 May 2019 11:25:41 GMT )
Май 14, 2019 16:25 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Амрико бидуни далел дар ҳоли афзоиши таниш бо Эрон аст

Вазири умури хориҷии Эрон дар гуфтугӯ бо хабаргузории ANA-и Ҳинд бо баёни ин ки Эрон ҳамвора аз худ дифоъ кардааст, гуфт, Амрико бидуни далел дар ҳоли афзоиши таниш бо Эрон аст.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон дар ин гуфтугӯи ихтисосӣ афзуд: “Амрико ба сурати ғайризарурӣ танишҳоро афзоиш додааст. Эрон ба дунболи таниш нест, аммо ҳамеша барои дифоъ аз худ омодааст”. Вазири умури хориҷии Эрон ҳамчунин дар бораи аҳдофи сафари худ ба Ҳиндустон тасреҳ кард: “Деҳлии Нав яке аз шарикони наздики Эрон аст ва мо бо Ҳиндустон дар ҳавзаҳои мухталиф иртибототи бисёр густурда дорем”. Зариф афзуд, системаи молии вижае байни Теҳрону Деҳлии Нав аз қабл тарроҳӣ шуда, ки ин система барои ҳамкориҳои дуҷониба истифода мешавад. Вазири умури хориҷии Эрон ҳамчунин гуфт, Ҳиндустон аз бузургтарин муштарёни нафти хоми Эрон аст.

Вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон шаби душанбе барои дидору гуфтугӯ бо масъулони ҳиндӣ вориди Деҳлии Нав, пойтахти ин кишвар шуд.