Май 14, 2019 16:38 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон иддаои “Рейтерз”-ро рад кард

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон хабарсозии “Рейтерз” мабнӣ бар машрут кардани мавзӯи мондан дар БарҶОМ аз сӯйи Эрон бо фурӯши 1,5 миллион бушка нафт дар рӯзро рад кард.

Сайидаббоси Мӯсавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон рӯзи сешанбе гуфт: “Нуқтаи назарот ва мутолибот ба ҳаққи Эрон дар номаи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сарони кишварҳои боқимонда дар БарҶОМ ба вузуҳ ва босароҳат баён шудааст”. Мӯсавӣ тасреҳ кард, пардохтан ба ин гуна хабарсозиҳо ва гумонзаниҳои ноқису ғайридақиқ дар фазои расонаӣ ва умумӣ на танҳо созанда нест, балки метавонад ба тахриби фазои мавриди ниёз барои як дипломатияи ҷиддӣ дар шароити кунунӣ мунҷар шавад.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон 18-уми майи имсол бо ирсоли нома ба сарони кишварҳои боқимонда дар БарҶОМ, шомили Русия, Фаронса, Англия, Чин ва Олмон бо ташреҳи аҳдшикании Амрико ва иқдомоти хилофи қавонини байналмилалии ин кишвар дар хурӯҷи якҷониба ва ғайриқонунӣ аз БарҶОМ таъкид кард, кишварҳои боқимонда дар БарҶОМ шаст рӯз фурсат доранд, ба тааҳҳудоти худ дар БарҶОМ амал кунанд.

 

Барчасп