Май 15, 2019 10:04 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муъаззами инқилоб: гузинаи қатъии миллати Эрон муқовимат аст

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ асри сешанбе дар дидори масъулон ва коргарони низом таъкид карданд, гузинаи қатъии миллати Эрон да мувоҷиҳа бо душман, муқовимат дар ҳамаи заминаҳост, чароки музокира бо давлати кунунии Амрико самми музоаф аст.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари мақоми муъаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд, албатта ҷанге нахоҳад шуд, балки бархурд бархурди иродаҳо аст ва дар ин замина иродаи миллати Эрон ва низоми исломӣ қавитар аз душман аст ва ба фазли илоҳӣ инбор ҳам пирӯз хоҳем шуд.

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ  хотирнишон карданд, душманони Ҷумҳурии исломии Эрон ва дар раъси он Амрико ба заъми худ тасаввур мекунанд бо таҳримҳои бесобиқа метавонанд ба Эрон зарба бизананд дар ҳоле, ки филизи ҷумҳурии исломӣ ба ҳиммати мардум ва масъулон мустаҳкам аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд, илова бар Амрико аз сарвати қорунҳои минтақаи Халиҷи Форс низ набояд тарсид, зеро ҳеҷ ғалате наметавонанд бикунанд.

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ бо истинод ба гузоришҳои расмии марокизи давлатии Амрико, вуҷуди 41 миллион амрикоии дучори гуруснагӣ ва ноамнии ғизоӣ, номашруъ будани чиҳилдарсади навзодон, вуҷуди 2 миллиону 200 ҳазор зиндонӣ (ки болотарин мизони ҷаҳонӣ ба нисбати ҷамъият аст), бештарин омори маводи мухаддир ва вуқуъи 31 дарсади тирандозиҳои ҷамъии дунё дар Амрикоро аз ҷумла воқеъиятҳои ин кишвар хонданд ва тасреҳ кардарнд бархе Амрикоро хеле бузург ва пур ҳайбат ва хатарнок ҷилва надиҳанд албатта набояд аз душмании душман ғафлат бишавад, аммо ҳақиқат он аст, ки Амрико гирифтори мушкилоти мухталиф аст.

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин бо таъкид бар инки барои ислоҳи умур набояд чашм ба хориҷ духт, хотирнишон карданд, чашм духтан ба бегона муҷиби зарба ба кишвар мешавад, ки намунаи онро дар бархурди аврупоиҳо дар қазияи БАРҶОМ мебинем.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд, мо бо аврупоиҳо мушкил ва даъвое надоштем, аммо онҳо ба ҳеҷяк аз таъаҳудоти худ амал накарданд ва намекунанд ва дар айни ҳол мудом иддао мекунанд, ки мо ба БАРҶОМ пойбанд ҳастем.