Ҳимояти Маҷлиси Ваҳдати муслимини Покистон аз Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i43813
Дабири кулли Маҷлиси Ваҳдати муслимини Покистон аз давлат ва миллати Эрон дар муқобили таҳримҳо ва тавтеаҳои Амрико ҳимоят кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 16, 2019 17:04 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Маҷлиси Ваҳдати муслимини Покистон аз Эрон

Дабири кулли Маҷлиси Ваҳдати муслимини Покистон аз давлат ва миллати Эрон дар муқобили таҳримҳо ва тавтеаҳои Амрико ҳимоят кард.

Аллома Роҷо Носир Аббос Ҷаъфарӣ дар вокуниш ба таҳримҳо ва таҳдидоти Амрико зидди миллати Эрон гуфт, мардуми Покистон пуштибони мардум ва давлати Эрон ҳастанд.

Дабири кулли маҷлиси Ваҳдати муслимини Покистон афзуд, қалби мардуми Покистон бо мардуми Эрон метапад ва миллати Покистон ба ҳеч кас иҷоза нахоҳад дод, ки Эрони исломиро таҳдид кунад чун таҳдиди Эрон таҳдиде ба Ислом ва мусулмонони ҷаҳон аст.

Роҷо Носир Аббос Ҷаъфарӣ афзуд, Амрико бо иқдомоти ҷунуномези худ талош мекунад бо истифода аз режимҳои дастнишонда ва нукарони минтақаии худ, Эронро маръуби таҳдидҳо ва лаффозиҳои ҷангмеҳвари худ кунад, аммо муваффақ нахоҳад шуд.

Вай афзуд, мусулмонон бо иттиҳод ва ҳамдилӣ метавонанд душманро шикаст диҳанд.

Дабири кулли маҷлиси Ваҳдати муслимини Покистон ҳамчунин қудратҳои истикборӣ аз ҷумла Амрикоро аз мухолифони аслии равобити наздики Эрон ва Покистон донист ва гуфт, ин қудратҳо омилони бесуботӣ дар минтақа ҳастанд.