Май 18, 2019 11:48 Asia/Dushanbe
  • Баъидинажод; Эрон дар паи сулҳу субот дар ғарби Осиё аст

Сафири Эрон дар Англия гуфт; ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора дар паи сулҳу субот дар минтақаи ғарби Осиё аст.

Ҳамиди Баъидинажод сафири Эрон дар Англия рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи радиоии BBC и ҷаҳонӣ афзуд; Амрико илова бар хуруҷ аз Барҷом, иқдомҳои таҳрикомези дигаре зидди Эрон ва минтақаи ғарби Осиё анҷом медиҳад,ки боиси барҳам хурдани амнияти ин минтақа мешавад.

Баъидинажод тасриҳ кард; Ҷумҳурии исломӣ ҳаргиз дар паи шуруъи даргири бо Амрико нест аммо миллати Эрон омодаи истодан дар баробари Вашингтон аст.

Сафири Эрон дар Лондон дар бораи муҳлати думоҳае,ки Эрон барои тарафҳои боқимонда дар Барҷом таъийн кардааст, низ гуфт; беш аз як сол аст,ки Амрико аз Барҷом хориҷ шуда ва Эрон ба андозаи кофӣ ба шарикони Аврупоӣ фурсат дода то мушкилотро бартараф кунанд, Аммо онҳо мувафақ набуда ва Эрон натавониста аз манофеъи иқтисодӣ ва тиҷории Барҷом баҳраманд шаванд.

Баъидинажод афзуд; Эрон гомҳое дар чорчуби Барҷом бардоштааст,ки агар дар ин муддати 60 рӯз мушкилот бартараф нашавад, иқдомҳои баъдиро оғоз хоҳад кард.

Сафири Эрон дар Англия ҳамчунин бо ишора ба таҳримҳои золимонаи Амрико зиддӣ миллати Эрон гуфт ; Эрон коҳиши вобастагӣ ба содироти нафтро оғоз карда ва афзоиши содироти ғайри нафтии Эрон ба масобаи як Инқилоби бесадо аст.