Хайём; риёзидон ва мунаҷиме,ки ба шоирӣ машҳур шуд
Хайёми Нишопурӣ рубоиёт ва нуҷуми Нишопури Машҳад 28 урдибиҳишт моҳ баробар бо 18 май дар тақвими расмии Эрон ба номи риёзидон- файласуф- ситорашинос ва шоири пуровозаи қарни 5 и ҳиҷрии қамарӣ ҳаким Хайёми Нишопурӣ номгузорӣ шудааст.
Абулфатҳ Ғиёсиддин Умарбин Иброҳими Хайёми Нишопурӣ маъруф ба Хайём дар соли 427 и хуршедӣ дар Нишопур ҳамзамон бо давраи замондории Салҷуқиён ба дунё омад ва бархе шуҳрати вайро ба Хайём ба хотири шуғли хаймадузии падараш донистаанд вай аз шогирдони барҷастаи устод Хоҷа Абулҳасани Анборӣ ва имоми мувафақи Нишопурӣ буд,ки дар назди онон дарсҳои муқадамотии -ҳандаса-риёзиёт- ҳикмат ва ирфонро омӯхт Хайём дар 22солагӣ ба Самарқанд рафт ва китоби маъруфаш таҳти унвони Ҷабр ва муқобиларо ба риштаи таҳрир даровард ва дар 25 солагӣ низ рисолае дар бораи Ҷабр ва мусиқӣ таълиф кард вай пас аз Самарқанд ба Исфаҳон рафт ва таи 18 сол иқомат дар ин шаҳр дар расадхонае,ки ба дастури Малакшоҳ таъсис шуда буд ба анҷоми таҳқиқоти нуҷумӣ пардохт.
Рубоиёти Хайём барои нахустинбор тавассути Эдворд Фитз Ҷаролд ба англисӣ тарҷума ва ба ҷаҳониён муарифӣ шуд,ки номи ӯро дар радифи Ҳумер - Шекспир- Донтта ва Гутта чор шоири бузурги ҷаҳон қарор дод.
Соли 517ро саҳеҳтарин қавл дар бораи вафоти Хайём баршумурдааст.
Ҳаким Хайёми Нишопурӣ дар 83 солагӣ рӯх дар ниқоби хок кашид ва ба диёри ҳаққ шитофт.
Марқади ин шоир ва риёзидони номии Эрон дар Нишопур аст.