Руҳонӣ: эрониён дар баробари зӯргӯии душман таслим намешаванд
Раиси ҷумҳури Эрон шанбешаб бо таъкид бар инки эрониён дар баробари зӯргӯии душман ҳеҷгоҳ таслим нахоҳанд шуд гуфт, миллати Эрон аҳли музокира ва мантиқ аст, аммо иддаои тарафе, ки мегуяд Эронро ба мизи музокира мекашонад беҳуда аст.
Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсат ҷумҳурии Эрон, Ҳасани Руҳонӣ дар дидори ҷамъе аз асҳоби фарҳанг ва ҳунари Эрон афзуд, эрониён ҳозир нестанд чунин музокираеро ҳатто агар ҳамаи қудратҳои олам пушт ба пушти ҳам биистанд анҷом диҳанд.
Раиси ҷумҳури Эрон бо баёни инки имрӯз ба ғайр аз 3 то 4 кишвар ва режими саҳюнистӣ ҳеҷкас дар ҷаҳон ҳарфи Амрикоро таъид намекунад гуфт, миллати Эрон қатъан душманро шикаст хоҳад дод.
Раиси ҷумҳури Эрон пештар низ бо таъкид бар инки миллати Эрон дар баробари мутаҷовиз ва зӯргӯ, ҳаргиз сар хам накардааст ва намекунад таъкид карда буд, эрониён дар муборизаи иродаҳо, Амрикоро шикаст хоҳанд дод.
Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико чаҳоршанбешаб муддаӣ шуд Ҷумҳурии исломии Эрон ба зудӣ бо Амрико ворид гуфтугӯ хоҳад шуд.
Раиси ҷумҳури Амрико пеш аз ин низ борҳо иддао карда буд замоне хоҳад расид, ки мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон барои як тавофуқи нав бо вай тамос хоҳанд гирифт.
Ин хиёлпардозии Трамп дар ҳолест, ки раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ сешанбеи гузашта дар дидори масъулон ва коргузорони низом таъкид карданд, музокирае бо Амрико дар кор нахоҳад буд.