Май 19, 2019 18:14 Asia/Dushanbe
  • Эрон хостори тақвияти ҳамкории ҳамаҷониба барои қатъи таъмини молии терроризм

Раиси идораи мубориза бо терроризм ва ифротгароии Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Теҳрон хостори тақвияти ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи минтиқавӣ ва байналмилалӣ барои пешгирӣ ва қатъи таъмини миллии терроризм бо дар назар гирифтани қонунҳои миллии кишварҳо аст.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи хабаргузории Форс, Ҳусейн Маликӣ дар конфронси байналмилалӣ ва минтақавии " Муқобила бо терроризм ва таъмини молии он" дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон гуфт: Таҳримҳои Амрико дар раванди ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир таъсири манфӣ дорад. Дар натиҷа Вашингтон масъули натоиҷи фоҷиабори коршиканӣ дар ин замина аст.

Ҳусейн Маликӣ дар бахши дигаре аз суханронии худ ёдовар шуд: Ҳар гуна муқобила бо терроризм ва аз байн бурдани манобеи молии он, бояд дар мутобиқати комил бо ҳуқуқи байналмилал ва маншури СММ бошад.

 

Барчасп